Тасдиқи фармонҳои Президент аз сӯи Парлумон
Душанбе, 06.05.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Вакилони палатаи поёнии кишвар 6 май дар ҷараёни иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон силсилаи фармонҳои Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро аз 4 майи соли равон дар бораи аз вазифаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Абдуҷаббор Ширинзода, инчунин муовинонаш Ҷамшед Юсуфиён /муовини аввал/, Малоҳат Холиқзода ва Абдукарим Неъматовро тасдиқ намуданд.
Инчунин вакилони Парлумон фармонҳои Президенти кишварро дар мавриди таъйин намудани Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ба вазифаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон, ки қаблан дар вазифаи раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» фаъолият дошт, инчунин ба вазифаи муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин намудани Ҷамолиддин Нуралиев, ки то ин дам дар вазифаи муовини аввали вазири молияи кишвар фаъолият мекард, тасдиқ намуданд.
Ҳамзамон пешниҳоди Президенти кишвар оид ба озод намудани Каримзода Хуршед Абдураҳмон аз вазифаи муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сӯи вакилон ҷонибдорӣ ёфт. Бояд тазаккур дод, ки Хуршед Каримзода дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон таъйин гардидааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






