Татбиқи марҳилаи дуюми фаъолият дар ҶДММ «Мурғи ҳилол»
Файзобод, 14.05.2015. (АМИТ Ховар, Субҳониддини Маҳмуд).-ҶДММ «Мурғи ҳилол»-и ноҳияи Файзобод 560 нафар сокини ноҳияро бо ҷойи кори доимӣ таъмин кардааст, ки маоши миёнаи онҳо аз 757 сомонӣ оғоз мегардад. Назар ба қавли роҳбари ҷамъият Зафар Ҳакимов мувофиқи нақша корхона фаъолияташро дар ду марҳила идома медиҳад. Марҳилаи аввал истеҳсоли тухми мурғ ва марҳилаи дуввум истеҳсоли гӯшти мурғро фаро мегирад. Дар айни замон марҳилаи аввал иҷро гардидааст ва роҳбарони корхона кӯшиш доранд, ки марҳилаи дуввумро барои истеҳсоли гӯшти мурғ ба роҳ монанд. Дар ин самт аз ҷониби корхона барои ҷалби сармояи хориҷӣ лоиҳаҳо омода шудаанд ва дар арафаи анҷомёбӣ мебошанд. Ногуфта намонад, ки барои амалӣ намудани марҳилаи дуввуми лоиҳа бо Бонки рушди АвруОсиё ҳамкории наздик ба роҳ монда шудааст. Дар сурати аз ҷониби Бонки рушди АвруОсиё дастгирӣ ёфтан, дар ҶДММ «Мурғи ҳилол» кушторгох ва сардхонаҳо ташкил шуда, пурра фаъолият мекунанд. Ба гуфтаи Зафар Ҳакимов дар сурати татбиқи ин лоиҳа зиёда аз 300 ҷойи нави корӣ таъсис меёбад ва ба нақша гирифта шудааст, ки дар як сол истеҳсоли тухм ба 170 миллион дона ва истеҳсоли гӯшти мурғ ба 12 ҳазор тонна дар як сол расонида шавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






