Тавилдара: нақшаи бунёди боғ барзиёд иҷро шуд

Май 5, 2015 08:57

Тавилдара, 05.05.2015. (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).- Имсол раёсати кишоварзии ноҳияи Тавилдара ба нақша гирифтааст, ки дар майдони 1216 гектар  кишт гузаронад. Мувофиқи иттилои  сардори раёсати кишоварзии  ноҳияи  Тавилдара Нурмаҳмад Хушбахтов  деҳқонони ноҳия аз рӯзҳои офтобии фасли баҳор истифода карда,  550 гектар ғалладона,  120 гектар картошка, 77 гектар сабзавот  ва 14 гектар алафи гуногун барои хӯроки чорво  кишт кардаанд, ки  ҳамагӣ  762 гектар буда, 63 фоизи нақшаро  ташкил медиҳад. 
Ҳамчунин деҳқонони ноҳия ба нақша гирифта буданд, ки дар майдони 19 гектар боғи мавадиҳанда бунёд кунанд. Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Тавилдара 28 гектар боғ бунёд карданд, ки ин аз  нақша 48% фоиз зиёд аст.

Май 5, 2015 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш