Тоҷикистону Чин маҳбусҳояшонро бозпас мегардонанд
Душанбе, 20.05.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Алҳол дар маҳбасхонаҳои Чин 16 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон — 9 мард ва 7 зан адои ҷазо мекунанд, ки онҳо бо ҷурми даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир маҳкум шудаанд. Ин матлабро 20 май Прокурори кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар Парлумон кишвар зимни тавзеҳ ва ба тасвиб раоснидани Шарномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба бозпас гардонидани маҳкумшудагон ироа кард. Юсуф Раҳмон гуфт, ки аз шумораи умумии маҳкумшудагон 4 нафар ба ҷазои қатл, аз ҷумла се зан ва як мард, панҷ нафар ба ҷазои якумраи маҳрум сохтан аз озодӣ, аз ҷумла ду зан ва се мард ва боқимонда ба муҳлати гуногуни маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум гардидаанд. Дар Тоҷикистон се нафар шаҳрванди Чин бо гуноҳи таҷовуз ба номус, қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ ва муносибати ғайриқонунӣ бо маводи нашъадор адои ҷазо менамоянд.
Назар ба андешаи прокурори генералии Тоҷикистон шартномаи мазкур дар қисмати бозпас овардани шаҳрвандон ва адои минбаъдаи ҷазо дар қаламрави Тоҷикистон хароҷотро талаб менамояд, ки ин яке аз хусусиятҳои асосии ин қабил шартномаҳо маҳсуб мешавад. Аз ҷумла, моддаи 18-уми шартнома имконият медиҳад, ки хароҷоти ба вуҷудомадаро маҳбус ва ё хешовадони ӯ пардохт намоянд. Бозпас овардан ва бозпас додани шаҳрвандони ҳар ду кишвар дар асоси розигии хаттии маҳбус сурат мегирад. Баъди бозпас овардани маҳбус ҳукми суди як тараф ба қонунгузории кишвар бо ба инобат гирифтани хусусият ва давомнокии ҳукми суди кишвари дигар мутобиқ гардонида мешавад.
Шартномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба бозпас гардонидани маҳкумшудагон 13 сентябри соли 2014 дар Душанбе ба имзо расонида шуда, ҳадафи он ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва фароҳам овардани имконияти адо намудани қисми боқимондаи ҷазо дар ватани худ мебошад. Назар ба иттилои Юсуф Раҳмон- прокурори кулли кишвар -то имрӯз Тоҷикистон бо Чин, Эрон, Украина, Афғонистон ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шартномаҳои дуҷониба оид ба бозпас овардани маҳкумшудагонро ба имзо расонидааст. Инчунин масъалаи бозпас овардани маҳкумшудагон дар шартномаҳои дуҷониба оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ ва оилавӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркия ва байни Тоҷикистону Ҳиндустон ба танзим дароварда шудаанд.








Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






