Устондори Қоҳира сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

Май 27, 2015 08:29

 Душанбе, 27.05.2015 (АМИТ «Ховар»).- 26 майи 2015 устондори Қоҳира Ҷалол  Саид сафири Тоҷикистон дар  Миср Хусрав Нозириро ба ҳузур  пазируфт. Дар мулоқот масъалаҳои  гуногуни мавриди эҳтимоми муштарак  баррасӣ гардиданд. Дар партави густариши муносибатҳои ҳасанаи дуҷонибаи Тоҷикистону Миср аҳамияти барқарор намудани робитаҳои ҳамкорӣ байни пойтахтҳои ду кишвар таъкид шуд. Қоҳира, ки ҳоло беш аз 10 млн нафар аҳолӣ дорад, дар соли 969 дар канори рӯди Нил бунёд гардида, дорои осори фаровони арзишманди таърихӣ мебошад. Мутафаккири бузурги тоҷик Носири Хусрав дар қарни XI мелодӣ аз пойтахти Фотимиён боздид намуда, Қоҳираро дар “Сафарнома”-и худ шаҳре камназир меномад.
 
 

Май 27, 2015 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад