Вазир иштироккунандагони ҶБВ — собиқадорони мақомоти корҳои дохилиро аёдат кард

Май 6, 2015 14:15

Душанбе, 06.05.2015. (АМИТ «Ховар»,  Муқаддас  Темурзода).- Вазири  корҳои дохилӣ  Раҳимзода  Рамазон  Ҳамро дар  арафаи  70 —  солагии Ғалаба  дар Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ собиқадорони  мақомоти   корҳои  дохилӣ  —  иштироккунандагони  ҷангро аёдат кард.
Назар  ба  хабари  ВКД ҶТ,  вазир бо  сифати  таъмири хонаҳои  бархе  собиқадорон,  аз ҷумла  манзили  Ф.М. Гришин  дар   ноҳияи  Фирдавсӣ,  Н.П.Голиков  ва П.П. Гордян  дар  ноҳияи  Сино,  Маҳмадулло  Сафаров  дар  ноҳияи  Исмоили  Сомонии  шаҳри  Душанбе  шинос  шуд.
Рамазон  Раҳимзода ба  собиқадорони  ҶБВ  мукофотҳои  пулӣ  дод. Ба  собиқадорон  ҳамчунин  маводи  ғизоӣ  аз  қабили  орд, равған,  биринҷ,  шакар,  макарон, сабзавоту  мева, техникаи  рӯзгор  аз ҷумла телевизиор  тақдим  шуд. Вазир  зикр  намуд, ки  ба  собиқадорони  ҷангу  меҳнат  минбаъд  ҳам ёрӣ  расонида  хоҳад  шуд.
Собиқадорон  ба  вазир  барои ғамхорию  меҳрубониаш изҳори  миннатдорӣ  карда,  ба  мавсуф  дар  кори масъулиятнокаш  муваффақиятҳо  орзу  карданд.

Май 6, 2015 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд