Вазир иштироккунандагони ҶБВ — собиқадорони мақомоти корҳои дохилиро аёдат кард
Душанбе, 06.05.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар арафаи 70 — солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ — иштироккунандагони ҷангро аёдат кард.
Назар ба хабари ВКД ҶТ, вазир бо сифати таъмири хонаҳои бархе собиқадорон, аз ҷумла манзили Ф.М. Гришин дар ноҳияи Фирдавсӣ, Н.П.Голиков ва П.П. Гордян дар ноҳияи Сино, Маҳмадулло Сафаров дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шинос шуд.
Рамазон Раҳимзода ба собиқадорони ҶБВ мукофотҳои пулӣ дод. Ба собиқадорон ҳамчунин маводи ғизоӣ аз қабили орд, равған, биринҷ, шакар, макарон, сабзавоту мева, техникаи рӯзгор аз ҷумла телевизиор тақдим шуд. Вазир зикр намуд, ки ба собиқадорони ҷангу меҳнат минбаъд ҳам ёрӣ расонида хоҳад шуд.
Собиқадорон ба вазир барои ғамхорию меҳрубониаш изҳори миннатдорӣ карда, ба мавсуф дар кори масъулиятнокаш муваффақиятҳо орзу карданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






