Вохӯрии Ҳомидҷон Назаров бо Силвия Гоа Шаван
Душанбе, 28.05.2015 (АМИТ «Ховар»).- 27 майи соли 2015 дар бинои Сенати Фаронса мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса Назаров Ҳомидҷон бо раиси навтаъйини гурӯҳи парлумонии дӯстӣ ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронса сенатор Силвия Гоа Шаван баргузор гардид.
Сафири Тоҷикистон сенаторро бо таъйиноти нав табрик намуда, хонум Гоа Шаванро оид ба таъсиси бахши тоҷикистонии Гурӯҳи парлумонии дӯстӣ ва ҳамкорӣ огоҳ намуд ва бо итминони комил изҳор кард, ки таъсиси гурӯҳи байнипарлумонӣ ба рушди ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистону Фаронса такони тоза мебахшад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаро, аз ҷумла дар сатҳи байнипарлумонӣ муҳокима намуданд. Ҳамчун роҳбари бахши фаронсавии гурӯҳи байнипарлумонӣ Гоа Шаван омодагии худро изҳор намуд, ки кӯшишҳои пайваста ба харҷ медиҳад, то ба рушди гуногунҷабҳаи муносибатҳои байни ду кишвар, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф ва кишоварзӣ саҳмгузор бошад. Инчунин аҳамияти таҳкими пояи қарордодиву ҳуқуқии байни Тоҷикистон ва Фаронса таъкид гардид. Дар ин робита пешниҳод шуд, ки масъалаи омодасозии лоиҳаи созишномаҳо дар бахшҳои мавриди эҳтимоми тарафайн мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






