Вохӯрии «Истиқлол» бо дастаи «Ал-Ваҳда»-и Сурия
Душанбе, 26.05.2015. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон).-Дирӯз дар меҳмонхонаи “Шератон”-и Душанбе пеш аз бозии дастаи «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (AFC)-2015 бо тими “Ал-Ваҳда”-и Сурия нишасти хабарӣ доир шуд.
Ёдовар мешавем, ки Мубин Эргашев, сармураббии дастаи «Истиқлол» ба хабарнигорон гуфт: “Дар марҳилаи плей-офф дастаҳои камқувват нестанд. Бинобар ин худро боло намеҳисобем. Мо бозиҳои рақибамонро тамошо кардем, омӯхтем ва мегӯям, ки дастаи суриягӣ хеле ҷиддӣ ва пурқувват аст. Фикр мекунам, ки фардо бозӣ барои мо осон намешавад. Вале набояд фаромӯш кард, ки “Истиқлол” дастаи боинтизом ва муттаҳид аст. Инчунин дастгирии мухлисон ба ҷониби мост, зеро мо дар майдони худ бозӣ мекунем. Мо мекӯшем масъаларо дар замони асосӣ ҳал кунем, то ки бозӣ ба силсилаи пеналтӣ нарасад”.
Дар нишаст Рафоат Муҳаммад, сармураббии дастаи «Ал-Ваҳда» ба хабарнигорон иброз дошт: “Бо вуҷуди он ки вазъи сиёсӣ дар Сурия вазнин аст, дар кишвар мусобиқаи қаҳрамонии футбол идома дорад. Мо ба бозӣ муқобили дастаи “Истиқлол” 18 бозингар овардаем, ки се нафарашон узви мунтахаби миллии кишваранд. Дар дастаи мо, ки дар қаҳрамонии Сурия пешсаф аст, легионерҳо бозӣ намекунанд. Мутаассифона, даври ҳаштякниҳоии Ҷоми AFC аз як бозӣ иборат аст ва аз рӯи натоиҷи сабқати гурӯҳӣ мо дар сафар бозӣ мекунем. Ин, албатта, барои ба чорякфинал баромадан душвориҳо пеш меорад. Бояд зикр кард, ки дастаи “Истиқлол”-ро, ки бозигарони олӣ дорад, мухлисонаш дастгирӣ хоҳанд кард. Мо бозиҳои рақибамонро дар сабқати гурӯҳӣ хуб омӯхтем ва ба хулосае омадем, дар байни бошгоҳҳое, ки дар Ҷоми АФК бозӣ мекунанд, дастаи “Истиқлол” яке аз зӯртаринҳост. Муқобили дастаи “Истиқлол” бозӣ кардан ҳарчанд мушкил аст, вале мо ба Душанбе барои пирӯзӣ омадаем”.
Бояд зикр кард, ки доварони бозии ҳаштякниҳоии Ҷоми AFC-2015 байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Ал-Ваҳда” аз Ҷопон мебошанд. Довари ФИФА Иида Юмпейи 34-сола сардовари ин бозӣ таъйин шудааст. Ҳамватанонаш Отсука Ҳаруҳиро ва Шинҷи Оши, ки ҳарду 40-солаанд, ба ҳайси доварони марзи майдон хидмат хоҳанд кард. Илгиз Танташеви ӯзбекистонӣ вазифаи довари эҳтиётиро бар дӯш дорад. Юсуф Мирзо аз Арабистони Саудӣ нозири доварон ва Бенҷамин Тан аз Сингапур комиссари ин бозӣ мебошанд.
Хотиррасон менамоем, ки бозии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми AFC-2015 байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Ал-Ваҳда» 26 май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 20:00 шурӯъ мешавад. Нархи билети ин бозӣ 15 сомонӣ муқаррар шудааст. Бо ин билет мухлисон инчунин дар бозии лотерея, ки бурди аслиаш мошини сабукрави тамғаи «Toyota Corolla» мебошад, иштирок мекунанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






