Вохӯрии С. Аслов бо Р. Линднер дар Душанбе
Душанбе, 20.05.2015 (АМИТ «Ховар»).- 19 майи соли 2015 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов мудири кулли Кумитаи шарқии иқтисодиёти Ҷумҳурии Федеративии Олмон профессор Райнер Линднерро, ки ҳайати соҳибкорони Олмонро барои иштирок дар Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон ва Олмон дар таърихи 18 майи соли 2015 дар шаҳри Душанбе роҳбарӣ менамуд, ба ҳузур пазируфт.Зимни мулоқот дар робита ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди масъалаҳои иқтисодии ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Олмон табодули назар сурат гирифт.Ҷонибҳо дар робита ба самтҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ ва инчунин ҷалби сармояи олмонӣ барои рушди иқтидори мавҷудаи иқтисодӣ ва энергетикии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳ ва ҳавасмандии тарафайн ибрози назар намуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






