Вохӯрии сафири Тоҷикистон бо директори иҷроияи AWEX
Душанбе, 13.05.2015 (АМИТ «Ховар»).- 11 майи соли 2015 дар шаҳри Брюссел вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев бо директори иҷроияи Агентии Валлония оид ба савдои беруна ва сармоягузории хориҷӣ AWEX Паскал Делкомминет баргузор гардид. Зимни суҳбат масоили ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Шоҳигарии Белгия, бахусус бо вилояти Валлонияи он муҳокима шуданд. Сафири Тоҷикистон ба мусоҳибаш оид ба вазъи сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишвар, чораҳои Ҳукумат ҷиҳати беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, инчунин соҳаҳои авлавиятноки иқтисодиёти миллии мавриди ҳавасмандии сармоягузорон ва доираҳои соҳибкории хориҷӣ маълумоти муфассал дод. Ҳамзамон ба намояндаи баландпояи Агентии AWEX маводи иттилоотӣ оид ба имконоти сармоягузории Тоҷикистон супорида шуданд. Сафир Р.Солиев ҳамчунин изҳори умедворӣ намуд, ки ҷониби Белгия якҷоя бо ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи иқтидори бузурги истифоданошудаи ҳамкории дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ тадбирҳои муштарак хоҳад андешид. Дар ин робита, нақши афзалиятноки узвияти ҷумҳурӣ дар Созмони ҷаҳонии савдо, ки ба либерализатсияи қонунгузории миллии марбут ба савдои беруна, сармоягузорӣ ва коҳиши боҷҳои гумрукӣ мусоидат кардааст, таъкид гардид. Директори иҷроияи AWEX соҳаҳои авлавиятноки рушди муносиботи тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ва иқдомҳои босамарро оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорони хориҷӣ мусбат арзёбӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати ҷонноксозии ҳамкорӣ бо Тоҷикистон иброз дошт. Боиси зикр аст, ки Агентии AWEX муассисаи давлатии Шоҳигарии Белгия буда, ҷиҳати пешбурди маҳсулот ва хизматрасонии вилояти Валлония дар хориҷа ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ вазифадор аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






