Ҷаласаи дуюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова оид ба ҳамкории иқтисодӣ
Душанбе, 30.06.2015. (АМИТ «Ховар», Азизаи Саид ). — Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид. Ҷаласаро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим ва муовини вазири иқтисоди Молдова Тудор Капоч роҳбарӣ намуд.
Дар ҷаласа масъалаи тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат ва иқтисод, сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкории хурду миёна, кишоварзӣ, саноат, энергетика, тандурустӣ, нақлиёт, ҳифзи муҳити зист, сохтмон ва меъморӣ, маориф ва илм, фарҳанг, сиёсати ҷавонон, варзиш ва туризм ва дигар соҳаҳои дорои манфиати мутоқобила мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.
Тибқи маълумоти оморӣ гардиши савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Молдова 3.9 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки аз он 1.3 млн. доллари ИМА-ро содирот ва 2.6 млн. доллари ИМА-ро воридот ташкил додааст.
Бо мақсади афзоиш додани гардиши савдои дуҷониба тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки лоиҳаи Барномаи ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдоваро таҳия ва имзо намуда, тамоми имкониятҳои мавҷударо баҳри таҳкими ҳамкории иқтисодии ду кишвар истифода намоянд.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи якуми комиссияи мазкур дар соли 2004 дар шаҳри Кишинев баргузор гардида буд.
Дар ҷаласа Протоколи ҷаласаи дуюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова оид ба ҳамкории иқтисодӣ ба имзо расид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






