«Ҳар як меъёри байналмилалиро бояд аз ғалбери манфиатҳои миллӣ гузаронем»: раиси МН МО ҶТ
Душанбе, 30.06.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Ҳар як меъёри баналмилалиро дар парлумони касбӣ аз ғалбери манфиатҳои миллӣ гузаронида, сипас ба низоми ҳуқуқии кишвар роҳ додани онро бояд баррасӣ кард», гуфт раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз зимни баромадаш аз минбари Парлумони кишвар. Мавсуф таъкид кард, ки «Зимни ба тасвиб расонидани созишномаҳо, шартномаҳо, конвенсияҳо ё ҳамроҳ шудан ба дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ бояд манфиатҳои миллию давлатӣ ба инобат гирифта шаванд». Таъкид гардид, ки қабл аз ҳамроҳшавӣ ба ин ё он санади ҳуқуқии байналмилалӣ бояд вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва хусусиятҳои хоси мардуми кишвар бо назардошти манфиатҳои милливу таърихӣ хуб омӯхта шавад. Инчунин оқибатҳои ҳамроҳшавӣ ба санадҳои байналмилалӣ мавриди таҳлили амиқ қарор гирад, то уҳдадориҳои зиёди байналмилалӣ ба дӯши кишварамон бор нагардад.
Таҷрибаи солҳои қабл собит менамояд, ки дар баъзе мавридҳо ҷиҳати тавсеаи муносиботи байналмилалӣ ва муаррифӣ кардани низоми сиёсати дарҳои боз, мо дар як муддати кӯтоҳ ба имзои созишномаю шартномаҳои байналмилалӣ рӯ ба рӯ шуда, ҳамчун давлати сулҳхоҳ қисмати зиёди онҳоро ба имзо расонидем. Баъдан ба ислоҳоти бузурги низоми ҳуқуқӣ даст зада, то нуктаҳое расидем, ки барои низоми мустақили ҳуқуқии кишвар таззоду ихтилофҳоро пеш овард. Ҷиҳати мувоҷеҳ нагардидан ба мушкилот бояд таҷрибаи то имзои созишномаҳои байналмилалӣ, мувофиқатии онро ба манфиатҳои миллӣ пурра санҷида, баъдан ба ба тасдиқ ва имзо ризоият диҳем, зеро чунин таҷриба дар аксар кишварҳои мутараққии ҷаҳон вуҷуд дорад, таъкид кард Ш.Зуҳуров. Ин дар ҳолест, ки танҳо дар зарфи беш аз се моҳи фаъолияти палатаи поёнии Парлумони кишвар дар даъвати панҷум аз сӯи вакилони Маҷлиси намояндагон 8 созишнома, 1 шартнома ва 2 конвенсия баррасӣ ва тасдиқ гардидааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






