Дар Арабистони Саудӣ беш аз 1 ҳазор аъзои ДИ ҳабс шудааст

Июнь 30, 2015 05:33

Душанбе, 30.06.15. (АМИТ «Ховар»). — Агентии  Синхуа зимни  истинод  ба  васоити  ахбори оммаи  Арабистони  Саудӣ хабар  медиҳад, ки  тайи  8 моҳи  гузашта пулиси  ин  кишвар  1 ҳазору  351  ифротгарони «Давлати  исломӣ» — ро  ба  ҳабс  гирифтаанд. 
Тавре  ки рӯзномаи  маҳаллӣ  зимни  истинод бо  гуфтаҳои  намояндагони  мақомоти  амният  хабар  дод, дар  байни  ифротиёни  хабсшуда  1058  нафар  шаҳрвандони Арабистони Саудӣ  ҳастанд, ки  аксарияти онҳоро  ҷавонон  ташкил  медиҳанд. Ифротгароёни  боқимонда  шаҳрвандони  29  кишвар,  аз ҷумла  шаҳрвандони  Яман, Сурия, Миср ва Покистонанд. 
Мувофиқи хабарҳои  нав,  шахсони номбурда тавассути Интернет бо ДИ  робита  дошта,  баъзеашон  дар  амалиётҳои террористӣ  даст  задаанд. 
Ба  гуфтаи манбаъҳои  мақомоти  амниятии  Арабистони  Саудӣ, ҳангоми ба  ҳабс  гирифтани  ифротгароён 4  нафар  кормандони  пулис  ҳалок гардида, ҳинни  оташфишонӣ бо қувваҳои  амниятӣ  9  нафар террористон  нест  карда шуданд.

Июнь 30, 2015 05:33

Хабарҳои дигари ин бахш