КҲФ: Аз аввали сол 54 нафар ғарқ шудааст
Душанбе, 30.06.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Аз аввали сол то имрӯз 54 нафар дар натиҷаи ғарқ шудан фавтидааст. Аз шумораи фавтидагон бештарашон мардон буда, 22 нафар то 17 сола ва 29 нафар аз 17 сола боло мебошад. Дар нимсолаи аввали соли гузашта 31 нафар дар натиҷаи ғарқшавӣ ба ҳалокат расидааст, ки аз ин шумора то 17-сола 11 нафар ва аз 17-сола боло 20 нафар мебошад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва сари вақт бартарафкунии ҳолатҳои фавқулодаи табиию техногенӣ пайваста тадбирҳои муассир меандешанд. Бо баланд гардидани ҳарорати ҳаво оббозӣ аз шуғлҳои асосии мардум ба ҳисоб меравад. Маҳз дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ва дигар ҳолатҳо ҳодисаҳои ғарқшавӣ ба қайд гирифта мешаванд, ки ҳатто боиси фавти одамон мегарданд. Дар таътили тобистона аз волидон, наздикон ва масъулини фароғатгоҳҳо хоҳиш мешавад, ки ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ кӯдакону наврасонро бе назорат нагузоранд.
Тавре ки аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ иттилоъ доданд, ҳарчанд солҳои охир ба пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ диққати ҷиддӣ зоҳир мегардад, вале шумораи ғарқшавӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






