Комиссияи Аврупо барои кумак ба зарардидагони обхезии Тоҷикистон маблағ ҷудо кард
Душанбе, 30.06.2015 (АМИТ «Ховар» ).- Комиссияи Аврупо ҷиҳати расонидани кумаки башардӯстона ба зарардидагони обхезиҳо ва селобаҳое, ки дар вилояти Хатлон ва водии Рашт моҳи майи соли ҷорӣ ба вуқӯъ пайваста буд, 54 608 евро ҷудо намудааст.
Комиссияи Аврупо тибқи дархости Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБСС) барои фонди ҳолатҳои фавқулодаи ин созмон маблағ ҷудо кард. Қарори мазкур бар асоси баҳодиҳии дақиқ, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода гузаронида шуд, қабул гардид.
Маблағи мазкур ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дастрас хоҳад шуд, то ин созмон аксари зарардидагонро бо хӯрокворӣ ва дигар молҳои ниёзи мардум, аз ҷумла кӯрпачаҳо, кампалҳо, бастачаҳои беҳдоштӣ ва асбобҳои пухтупаз таъмин намояд.
Тоҷикистон кишвари кӯҳистон буда дар муқобили офатҳои табиӣ, чун селу ярч, ки қариб ҳар сол дар ин ҷо рух медиҳанд, хеле осебпазир аст. Тавассути барномаи омодагӣ ба офатҳои табиӣ бо номи ДИПЕКО, Комиссияи Аврупо беш аз 10 сол инҷониб дар Тоҷикистон талош дорад, ки қудрати ҷамоатҳои маҳалиро дар муқобили офатҳои табиӣ пурзӯр гардонад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






