Маҳфили адабию мусиқии «Фарзанди падар»
Душанбе, 30.06.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар шаҳри Маскав бахшида ба 70 — умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ маҳфили адабию мусиқии «Фарзанди падар: Алексей Афғонов» баргузор гардид, ки дар он ҳамдиёрони мо ва намояндагони ҷамоаҳои мухталифи муқими Русия ширкат доштанд.
Дар оғози маҳфил роҳбари Маркази фарҳанги Тоҷикистон дар Маскав, узви Шӯрои умури миллатҳои назди Ҳукумати шаҳри Маскав, ноиби президенти Академияи байналмилалии ваҳдати аҳли дин ва ҳамкории халқҳои ҷаҳон, узви Иттифоқи журналистони Русия Хуршеда Ҳамроқулова дар бораи эҷодиёти шоири русзабони тоҷик Алексей Афғонов муфассал нақл кард.
Хуршеда Ҳамроқулова изҳор дошт, ки падари Алексей Афғонов чун 300 ҳазор нафар тоҷикистониёни дигар дар муҳорибаҳои зидди истилогарони фашистӣ иштирок дошт. Маҳз онҳо дар майдони ҷанг барои ҳаёту озодии мо ҷони худро қурбон карданд. Ашъори Алексей Афғонов саршори меҳру муҳаббат ва дӯстии байни халқҳост.
Муншии аввали сафорати Тоҷикистон дар ФР Муҳаммад Эгамзод зимни суханрониаш хидматҳои Маркази фарҳанги Тоҷикистон дар тарғиби фарҳанги миллӣ ва аҳамияти роҳандозии чунин чорабиниҳо дар пойтахти Русияро ёдовар сохт.
Шоир Алексей Афғонов дар маҳфил шеърҳои ба тоза эҷодкардаашро қироат намуда, аз ҳаёти худ ва вохӯриҳояш бо ҳаводорони назм дар Тоҷикистону Русия нақл кард.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






