Минбаъд кормандони маҳаллии сафорати Амрико андоз месупоранд
Душанбе, 30.06.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Минбаъд кормандони маҳаллии сафорати Амрико дар Душанбе андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ месупоранд. Дар иртибот ба ин 30 июн вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба андозбандии кормандони маҳаллии сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро /ИМА/ ба тасвиб расонданд.
Парвиз Давлатзода -муовини вазири корҳои хориҷии кишвар гуфт, ки ҳадафи созишномаи мазкур маъмурикунонии андоз нисбат ба кормандони маҳаллии сафорати ИМА дар Тоҷикистон мебошад.
Мавсуф афзуд, ки тибқи муқаррароти моддаҳои 158 ва 216-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷӣ, намояндагии созмонҳои байналмилалӣ фаъолият мекунанд, вазифадоранд, ки андоз аз даромад ва андози иҷтимоиро дар муҳлати муайяннамудаи қонунгузории кишвар пардохт намоянд.
Таъкид шуд, ки Созишномаи мазкур баъди гуфтушунидҳо бо Сафорати Амрико, ки дар зарфи 1,5 сол идома ёфт, мувофиқа гардида, 29 апрели соли 2015 дар Душанбе ба имзо расонида шуд.
Созишнома механизми пардохти андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади кормандони маҳаллии сафорати Амрико дар Тоҷикистонро пешбинӣ менамояд. Мувофиқи муқаррароти Созишномаи мазкур ҷониби Амрико уҳдадор аст, ки дар охири ҳар як семоҳаи соли андозӣ маблағ аз даромад ва андози иҷтимоиро ба суратҳисоби бонкии дахлдори ҷониби Тоҷикистон пардохт намояд. Алҳол дар сафорати Амрико дар Душанбе беш аз 100 корманди маҳаллӣ фаъолият дорад. Мавриди зикр аст, ки маблағи умумии пардохтшавандаи андозҳо 400 ҳазор долларро ташкил медиҳад, ки ин ба ғанӣ гардонидани буҷаи кишвар мусоидат менамояд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






