Муроҷиатномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ
Душанбе, 30.06.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон ва меҳмонони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки бо баланд шудани ҳарорати ҳаво ва оғози мавсими шиноварӣ дар дарёҳо, обанборҳо, каналҳо ва ҳавзҳо таҳдиди эҳтимоли ғарқшавӣ вуҷуд дорад. Бинобар ин аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳиш мешавад, ки ҳангоми оббозӣ боэҳтиёт бошанд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти кумита, бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарии шиноварӣ дар нимсолаи аввали соли 2014 -31 ва дар соли 2015 54 нафар шаҳрванд ғарқ шудааст, ки ин боиси ташвиш мебошад.
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар об кумита аз шаҳрвандон ва меҳмонони Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш дорад, ҳангоми истироҳату шиноварӣ дар наздикии дарёҳо, каналҳо ва обанборҳо қоидаҳои бехатарии рафтор дар обро риоя намуда, аз оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда ва дарёҳои тезҷараён худдорӣ кунанд.
Бахусус ҳангоми истироҳат дар наздикии иншооти обӣ падару модарон кӯдакони ноболиғро беназорат нагузоранд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






