Рашт: меҳмонони ҷашн ба пояи муҷассамаи Нусратулло Махсум гулчанбар гузоштанд
Рашт, 27.06. 2015. (АМИТ “Ховар”, Субҳониддини Маҳмуд).-Ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ дар деҳаи Шулмаки ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт маркази савдои » Арзон » , корхонаи дӯзандагӣ ва нуқтаи интиқоли маблағ аз ҳисоби «Ориёнбонк» кушода шуд.
Ба иттилои сардори шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи мазкур Фаридун Муродов барои иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ 170 нафар меҳмон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ба ноҳияи Рашт омаданд, ки онҳоро кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҷамоати деҳоти Қалъаи сурх пешвоз гирифтанд. Имрӯз меҳмонон бо роҳбарии раиси ноҳия Лоиқзода Қаноатшои Холиқ дар назди муҷассамаи ходими сиёсӣ ва арбоби давлатӣ Нусратулло Махсум гулчанбар гузоштанд. Ҳамчунин меҳмонон бо хонандагони мактаб-интернати маъюбони ноҳия вохӯрии судманд гузарониданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






