Ш. Зуҳуров: «Дар сафи пеши мубориза бо ҳама гуна кирдорҳои ғайриқонунӣ бояд қарор гирем»

Июнь 30, 2015 11:30

 Душанбе, 30.06.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Мо вакилони Маҷлиси намояндагон, ки рисолати асосиамон таҳия ва қабули қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, бояд намунаи олии риояи бечунучарои қонунҳо, поквиҷдонӣ ва садоқат ба Ватану миллат бошем ва дар сафи пеши мубориза  бо ҳама гуна кирдорҳои ғайриқонунӣ қарор дошта бошем». Ин матлабро  Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон зимни гузориш дар ҷаласаи хотимавии палатаи поёнии Парлумони кишвар иброз дошт. Мавсуф   ҷойгоҳ ва мавқеи палатаи поёнии Парлумони кишварро ҳамчун мақоми қонунгузор дар пешбурди сиёсати давлат ва эъмори ҷомеаи дунявию демократӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ муҳим арзёбӣ намуд.  Раиси Парлумон зимни натиҷагирӣ аз  фаъолияти  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар, даъвати панҷум афзуд, ки дар зарфи беш аз се моҳи фаъолияти палатаи поёнии Парлумони кишвар дар даъвати панҷум 10 ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон доир гардида, 48 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Инчунин дар ин давра 11 ҷаласаи палатаи поёнии Парлумони кишвар баргузор гардида, 2 тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ,  3  тағйиру иловаҳо ба кодексҳо, 2 қонуни мукаммал,  13 тағйиру иловаҳо ба қонунҳо, 8 созишнома, 1 шартнома,  2 конвенсия, 55 қарори Маҷлиси намояндагон фарогири масъалаҳои гуногун қабул гардиданд. 
     Аз лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии пешниҳодшуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти кишвар 11 лоиҳа, Ҳукумати ҷумҳурӣ 18 лоиҳа, аз сӯи вакилон 2 лоиҳаи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ  ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод ва қабул гардиданд, ки 12 масъала ба рушди иқтисодиёт, 7 -тоаш ба танзими масъалаҳои иҷтимоӣ, 8 масъала ба ҳимояи ҳуқуқи инсон ва 2 масъала ба такмили сохтори давлатӣ нигаронида шудааст. 

Июнь 30, 2015 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд