1655 сокини Суғд ҳаҷ меравад
Душанбе, 31.07.15. (АМИТ «Ховар»). — Имсол 1655 сокини шимоли Тоҷикистон хонаи Худоро зиёрат мекунад.
Тавре ки аз шуъбаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд, аз шумораи умумии зоирон 912 нафарашон мард ва 743 нафарашон зан мебошанд.
Чор сокини вилоят аз қабили собиқадорони меҳнат ва пешқадамони хоҷагии халқ аз рӯи квотаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Маккаи муқаддасро зиёрат мекунад.
То имрӯз ҳамаи ҳуҷҷатҳои зоирон ба Кумитаи оид ба корҳои дини ҷумҳурӣ ирсол шуда, дар он маросими гирифтани раводидҳо анҷом меёбад.
Имсол арзиши ҳаҷ 22 ҳазору 907 сомонӣ ё 3 ҳазору 584 доллари ИМА — ро ташкил медиҳад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






