2 млн сомонӣ барои таъмир ва нигаҳдории роҳҳои шаҳри Роғун

Июль 15, 2015 04:02

Душанбе, 15.07.2015. (АМИТ “Ховар”). — “Тайи солҳои 2012 — 2014 ва шаш моҳи аввали соли 2015 бо мақсади таъмир ва дар ҳолати зарурӣ нигоҳ доштани роҳҳои мошингарди шаҳри Роғун аз ҳисоби буҷети давлатӣ ду миллион сомонӣ равона карда шудааст”, — иброз дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Роғун. 
Президенти кишвар афзуд, ки ҳамзамон бо ин, дар ин давра дар шаҳри Роғун панҷ лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои маорифу кишоварзӣ, таъмини оби нўшокӣ, шуғли аҳолӣ ва ободонии маҳал ба маблағи умумии беш аз 57 миллион сомонӣ ба анҷом расидааст.
 Ҳоло дар шаҳри Роғун 7 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ барои баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардуми шаҳр амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии онҳо беш аз 120 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар давоми солҳои 2012-2014 ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз тарафи бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ ва сармоягузорон барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Роғун 24 миллион сомонӣ қарз дода шудааст. 
“Айни ҳол таҳияи барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр барои солҳои 2016 — 2020 идома дошта, дар доираи он таъмири роҳҳои мошингарди дохилӣ, барқарор намудани шабакаҳои обрасонӣ ва инфрасохтори иҷтимоӣ, харидории техника барои хоҷагии манзилию коммуналӣ, сохтмони иншооти фарҳангиву иҷтимоӣ, инчунин дигар иншооти зарурӣ ба нақша гирифта мешавад”, — таъкид намуд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.

 

Июль 15, 2015 04:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд