25 млн. сомонӣ ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ворид гардид
Душанбе, 13.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Қисми даромади Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ дар нимсолаи аввали соли 2015 бо назардошти хароҷоти корхонаю муассисаҳо 1 млрд. 7,3 млн. сомонӣ таъмин гардид, ки 92,4 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 62,8 млн. сомонӣ ё 6 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ин бора имрӯз муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Шарифзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ф.Шарифзода зикр намуд, ки аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои пӯшонидани касри Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 25 млн. сомонӣ ба суратҳисоби агентӣ ворид гардид.
Инчунин дар нишаст гуфта шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2015 ба унвони агентӣ барои гирифтани маблағҳои андӯхти нафақавӣ 8 ҳазору 179 ариза ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 319 ариза зиёд мебошад. Дар ин давра бо назардошти аризаҳои соли 2014 ба 8 ҳазору 129 нафар тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ҳаҷми 2,4 млн. сомонӣ маблағҳои андӯхти нафақавӣ пардохт шуданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 70,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






