25 сентябр- Рӯзи шаҳри Хуҷанд
Душанбе, 13.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, аз ин пас ҳар сол санаи 25 — уми сентябр дар маркази вилояти Суғд ҳамчун Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мешавад.
Ба иттилои Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳр, Рамзи шаҳри Хуҷанд санаи 25 сентябри соли 2014 аз ҷониби вакилони шаҳри Хуҷанд тасдиқ шуд ва ин сана бо таклифи вакилони шаҳрӣ Рӯзи шаҳри Хуҷанд эълон гардид.
Гуфта мешавад, ки имсол 25 сентябр нахустин маротиба Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мешавад.
Шаҳри Хуҷанд яке аз минтақаҳои пешрафтаи Тоҷикистон маҳсуб шуда, он бо шаҳрҳои Могилёви Беларус, Линколни ИМА, Ганҷаи Озарбойҷон ва Табрези Эрон бародаршаҳр мебошад.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






