28 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор гардид

Июль 30, 2015 09:17

     Душанбе, 30.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар  давоми моҳҳои январ-июли соли 2015 гурӯҳҳои кории Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 15 ширкати бо ҷалби қувваи кории хориҷӣ фаъолиятбаранда санҷиши назоратӣ гузаронида, 28 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ошкор намуданд.  Ҳамзамон дар ин давра марҳилаи якуми амалиёти «Нелегал-2015» доир гардид, ки дар ҷараёни он 21 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор шуд. Дар маҷмӯъ ҳангоми гузаронидани санҷишҳо дар ширкатҳо ва корхонаҳои муштарак дар доираи марҳилаи якуми амалиёти Нелегал-2015 64 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор гардид.
Тавре ки сухангӯи Хадамоти муҳоҷират А. Қодирӣ иттилоъ дод, сармутахассисони дастгоҳи раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Чкалов 17 адад, ноҳияи Ҷаббор Расулов 8 адад, ноҳияи Б.Ғафуров 3 адад ва дар «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» 5 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ошкор намуданд. 

Июль 30, 2015 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад