28 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор гардид
Душанбе, 30.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар давоми моҳҳои январ-июли соли 2015 гурӯҳҳои кории Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 15 ширкати бо ҷалби қувваи кории хориҷӣ фаъолиятбаранда санҷиши назоратӣ гузаронида, 28 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ошкор намуданд. Ҳамзамон дар ин давра марҳилаи якуми амалиёти «Нелегал-2015» доир гардид, ки дар ҷараёни он 21 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор шуд. Дар маҷмӯъ ҳангоми гузаронидани санҷишҳо дар ширкатҳо ва корхонаҳои муштарак дар доираи марҳилаи якуми амалиёти Нелегал-2015 64 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор гардид.
Тавре ки сухангӯи Хадамоти муҳоҷират А. Қодирӣ иттилоъ дод, сармутахассисони дастгоҳи раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Чкалов 17 адад, ноҳияи Ҷаббор Расулов 8 адад, ноҳияи Б.Ғафуров 3 адад ва дар «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» 5 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ошкор намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






