30 ҳазору 877 нафар расман мақоми бекорро касб кардааст
Душанбе, 16.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар нимсолаи аввали соли равон 67 002 шаҳрванд муроҷиат намуд, ки 43 046 нафари онҳо ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуда, ба 30 877 нафар расман мақоми бекорӣ дода шудааст. Дар ин бора имрӯз дар нишасти матбуотӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода хабар дод.
Тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҷмӯъ 22 983 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид. Дар асоси 146 шартномаи тарафайн бо корхонаҳову ташкилот 3 568 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 11 833 нафар дар марказҳои таълими касбии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта шуданд.
Бинобар аз даст додани ҷойи кор ба 5 789 нафар ба муддати то 3 моҳ кумакпулӣ барои бекорӣ пардохт гардидааст.








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид






