30 навъи либоси мардона омода шуд

Июль 30, 2015 11:16

Хуҷанд, 30.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-«Тарроҳони Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар асоси дастуру супоришҳои раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ барои мардон либоси миллии мардона омода мекунанд,-гуфт директори донишкада Иномҷон Аминов зимни нишасти хабарӣ 29 июл.  Доктори илмҳои иқтисодӣ И. Аминов ҳамзамон гуфт, ки ҳоло дар саросари вилоят ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад ва дар Парки таълимии «Дӯхтани либосҳои замонавӣ»-и донишкада ҳунарҳои бурандагию дӯзандагӣ омӯзонида мешаванд.
— Ҳоло аз ҷониби тарроҳони мо 30 навъи либоси мардона бо шумули тоқиҳои тоҷикона бо истифода аз нақшу нигор ва ороишоти миллӣ омода шудааст. Вале ин ниҳояти кор нест ва мо сари такмили ин либосҳо кор карда истодаем, — илова намуд директори Донишкадаи иқтисод ва савдо. 

Июль 30, 2015 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Омодагӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
Масъалаи ташкили ковишҳои бостоншиносӣ дар мавзеи «Дараи Алмосӣ» баррасӣ гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад
Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад