470,3 млн. кВт. соат неруи барқ зиёдтар истеҳсол гардид

Июль 23, 2015 05:00

Душанбе, 23.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-Тибқи  маълумоти фаврии Вазорати энергетика  ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2015 истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ 8 млрд. 658 млн. кВт. соатро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 470,3 млн. кВт. соат ё 5,7 фоиз зиёд мебошад,-гуфт Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон 22 июл зимни нишасти матбуотӣ.
Аз ҷумла, дар ширкати «Барқи тоҷик» 7млрд. 210 млн. кВТ. соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта 406,5 млн. кВт соат ё 6 фоиз зиёд мебошад; дар ҶСК НБО «Сангтӯда-1»- 993,2 млн. кВт. соат, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,3 млн. кВт. соат ё 1,4 фоиз кам мебошад;  дар ҶСК НБО «Сангтӯда-2»- 360,4 млн.кВт. соат, ки  нисбат хамин давраи соли гузашта 78,7 млн. кВт. соат ё 27,9 фоиз зиёд мебошад; дар ҶСК «Помирэнерҷӣ»- 93,7млн, кВт. соат, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,7млн. кВт. соат ё 0,7 фоиз кам мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми умумии содироти неруи барқ 546,4 млн. кВт. соатро ташкил дод, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 504 млн. кВт. соат ва ба Ҷумҳурии Қирғизистон 40,3 млн. кВт. соат содирот шуд. 

Июль 23, 2015 05:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд