87 мошин ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон тақдим гардид

Июль 8, 2015 09:01

Душанбе, 8.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар қисми ҳарбии 2611-и Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ маросими ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қӯшунҳои сарҳадии кишвар  супоридани кумакҳои техникӣ, аз қабили воситаҳои нақлиёти тамғаи «Тайота-Хайлюкс» ва микроавтобусҳои «Тайота-Хайс» аз ҷониби Сафорати Иёлоти  Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансур Умаров, сафири ИМА дар Тоҷикистон хонум Сюзан Эллиотт иштирок доштанд.
Зикр шуд, ки ин воситаҳои нақлиёт барои мустаҳкам намудани имкониятҳои техникии қӯшунҳои сарҳадӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз қабили терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир мусоидат менамоянд.
Сюзан Эллиотт зикр кард, ки Дафтари ҳамкориҳои ИМА ҳамчун кумаки техникӣ 87 мошинро ба маблағи 5 миллион доллари амрикоӣ ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намудааст.
Зикр гардид, ки ИМА барои ҳамшарикони худ дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар чолишҳо мусоидат намуда, уҳдадор аст, ки ҷиҳати беҳтар намудани иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кумак расонад. 
Дар ин бора Муҳаммад Улуғхоҷаев, котиби матбуотии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар дод. 

 

Июль 8, 2015 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд