А.Қодирӣ: Дар хориҷи кишвар 86 ташкилоти ҷамъиятӣ расман фаъолият дорад
Душанбе, 09.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар айни замон 82 ташкилоти ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангӣ ва диаспораҳои тоҷикон дар қаламрави Федератсияи Русия, 2 ташкилоти ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Украина ва 2 ташкилоти ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба таври расмӣ фаъолият доранд.
Бино ба гуфтаи сухангӯи Хадамоти муҳоҷират Абдулоҳи Қодирӣ, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории доимӣ ва хабардор будан аз фаъолияти диаспораҳо, дар сомонаи хадамот рӯйхати ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо забони тоҷикӣ ва русӣ бо назардошти суроға, ҳайати роҳбарии он, телефонҳо ва дигар маълумоти зарурӣ интишор шудааст.
То кунун сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода бо раисони ҷамъиятҳои миллӣ-фарҳангии тоҷикон: «Ҳамватан» — и вилояти Иркутск Муриват Маликшоев, ҷамъияти ба номи «Рӯдакӣ»-и Ҷумҳурии Фаронса Масъуди Миршоҳӣ, роҳбари Ассотсиатсияи халқҳои Урал Фаррух Мирзоев ва директори генералии Маркази бисёрсамтаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳри Екатеринбург Анатолий Зирянов мулоқот намудааст.
«Дар айни замон дар Хадамоти муҳоҷират хазинаи иттилоотӣ дар бораи диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ вуҷуд дорад ва он барои таъмини ҳамкории босамар ва ташаккули сиёсати давлатӣ дар робита бо диаспораҳо, ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ заминаи хуб мегузорад»,-илова намуд Абдуллоҳи Қодирӣ.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






