Ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Финляндия рафт

Июль 2, 2015 09:58

  Душанбе, 02.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Ҳайати парлумонии Тоҷикистон  дар иҷлосияи  24 -уми Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо/САҲА/ ширкат меварзад. Иҷлосияи  мазкур аз 4  то 8 июл дар пойтахти Финляндия -шаҳри Хелсинки доир гардида, вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Олимҷон Салимзода, Саидҷаъфар Исмонов ва Гулбаҳор Турсунова кишвари моро дар ин чорабинӣ намояндагӣ мекунанд. Иҷлосия  ҷашнӣ буда, он ба санаи ба имзо расонидани   санади Хелсинки дар соли 1975 бахшида шудааст. Дар фарҷоми иҷлосия Эъломияи Хелсинки қабул мешавад, ки  он фарогири  маҷмӯи тавсияҳо барои САҲА ва кишварҳои аъзои он дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва ҳуқуқи инсон мебошад.
   Ассамблеяи парлумонии САҲА соли 1992 созмон дода шуда, парлумонҳои  57 кишвари ҷаҳон, давлатҳои Аврупо, Осиё, Амрикои Шимолиро, ки аъзои САҲА-анд,  дар худ муттаҳид менамояд. Қароргоҳи  Ассамблеяи парлумонии САҲА Копенгаген /Дания/ буда, муддати як сол аст, ки Илкка  Канерва- сиёсатмадори финӣ президенти Ассамблеяи парлумонии САҲА мебошад. Мавсуф дар иҷлосияи 23-юми АП САҲА, ки соли гузашта дар Боку доир гардида буд, бо гирифтани 111 раъй Президенти АП САҲА интихоб гардид. 

 

Июль 2, 2015 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд