Ҳалокати 20 нафар сокинони вилояти Хуст бар асари таркиш
Душанбе, 13.07.15. (АМИТ «Ховар»). — Шоми рӯзи 12 июл силоҳбадасти фидоӣ худро дар ҳудуди вилояти Хусти Афғонистон дар шафати нуқтаи назоратии пулис тарконид.
Бар асари ин таркиш, ки дар маҳали серодами шаҳр рух дод, асосан сокинони осоишта осеб диданд. Тавре ки Агентии иттилоотии «Пажвок» хабар медиҳад, камаш 20 нафари захмишуда ҳалок гардида, 13 нафари дигар дар беморхона бистарӣ шуданд. Ҳукуматдорони маҳаллӣ хавф мебаранд, ки минбаъд теъдоди осебдидагон метавонад афзояд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот оғоз ёфтааст. Масъулияти ин тахриботро то ҳол ягон гурӯҳи мухолифини оштинопазири мусаллаҳ ба дӯши худ нагирифтааст.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






