Ҳалокати се нафар бар асари садама

Июль 10, 2015 02:21

Душанбе, 10.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар натиҷаи садамаҳое, ки рӯзи 8 июл рух доданд, се нафар ба ҳалокат расид. 
Тавре ки аз хадамоти матбуоти ВКД хабар доданд, ронандаи мошини  “Nexia”, сокини 24-солаи ноҳияи Ҷиликӯл ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Қурғонтеппа ба самти ноҳияи Ҷиликӯл дар ҳудуди деҳаи К.Маркси ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, велосипедрон, сокини 31-солаи ҳамин деҳаро пахш намудааст. Дар натиҷа, велосипедрон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин ронандаи мошини “Opel-astra”, сокини 34-солаи ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз маркази ноҳияи Фархор ба ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ҳамин ноҳия, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди ноболиғ, писарчаи 10-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкурро  пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона фавтидааст.  
Ронандаи мошини “Opel-astra”, сокини 34-солаи шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди Ғафуров-Булок-Понғоз дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ чаппа шудааст. Дар натиҷа ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 

Июль 10, 2015 02:21

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд