Амалиёт барои берун рондани ДИИШ аз вилояти Анбор
Душанбе, 14.07.2015. (АМИТ «Ховар», Тоҷиддин Аҳмадзода)-Сухангӯи артиши Ироқ мегӯяд, артиши ин кишвар рӯзи душанбе даст ба амалиёте барои берун рондани ДИИШ аз вилояти Анбор задааст. Яхё Расул Абдулло, сухангӯи артиши Ироқ гуфт: ин амалиёт соати панҷи бомдоди рӯзи душанбе бо ширкати неруҳои артиш, шибҳинизомиёни шиа, неруҳои махсус, полис ва қабилаҳои маҳаллӣ барои озодсозии Анбор оғоз шудааст. Тибқи гузориши Алҷазира, дар ин амалиёт панҷ ҳазор нафар ширкат дорад. Тибқи гуфтаи ин сарчашмаи хабарӣ эҳтимол дорад ин амалиёт барои бозпасгирии Фалуҷа мутамарказ шуда бошад. Неруҳои эътилоф пойгоҳи радио ва марказхои ВАО-и ДИИШ-ро ҳадаф қарор додаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






