Амалиёти қувваҳои низомии Афғонистон дар вилояти Тахор

Июль 1, 2015 06:18

Душанбе, 01.07.15. (АМИТ «Ховар»). – Амалиёти  фарогири қувваҳои  низомии Афғонистон  дар ҳудуди  вилояти  Тахор барои  аз  силоҳбадастон  тоза  кардани  вулусволии Хуҷагар  идома дорад. 
Чанд  рӯз  пеш  силоҳбадастони  «Толибон»  ба  як  қатор  посбонгоҳҳои  пулис  ҳамла оварда, қисми  зиёди хоки  вулусволиро забт  намуданд. Назар  ба  иттилои шабакаи  телевизионии «Тулӯъ», дар  ҷараёни  задухӯрд  2  нафар  кормандони Вазорати  умури  дохила ҳалок  шуданд.
Тибқи  ҳисобот,  амалиётҳои  минбаъда  имкон  дод, ки 10  шаҳрак  аз  шӯришгарон  озод  карда шаванд.  Алҳол  қувваҳои  мусаллаҳ  ба  сӯи  вулусволии  Дашти  Арчаи вилояти  Қундуз ҳаракат  мекунанд. Онҳо ният  доранд, ки вақтҳои наздиктарин  силоҳбадастонро  аз  деҳаҳои  боқимонда берун кунанд. 
Мувофиқи  хабари  дигар, дар  вулусволии  Дуркади вилояти  зикршуда боз  як  задухӯрд ба  вуқӯъ  пайваст. Ҳокими  ҷонибдори Толибони вулусволии мазкур кушта шуда, 7  нафар  силоҳбадастони  ӯ  захм  бардоштаанд. Дар  ҷараёни амалиёти  ҳарбӣ  3  нафар  хидматчиёни  пулиси  маҳаллӣ  ба  ҳалокат  расиданд.

 

Июль 1, 2015 06:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд