Ҷамъбасти натоиҷи фаъолият дар нимсолаи якум
Душанбе, 13.07.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар ҷаласаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ натоиҷи фаъолияти фаврии хидматӣ тайи 6 моҳи соли 2015 ҷамъбаст гардид.
Диққати роҳбарони ниҳодҳои Агентии назорати маводи нашъаовар ба бархе нуқсонҳои мавҷуда дар ташкили кори фаврӣ барои ҷилавгирии фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор, ки ба интиқоли маводи нашъаовар машғуланд, рӯи кор овардани чорабиниҳо ба манзури коҳиш додани талабот ба маводи мухаддир дар минтақаҳои наздисарӣ, такмили ихтисоси ҳайати шахсӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо ҷалб карда шуд.
Ба кормандони масъули Агентӣ дастур дода шуд, ки барои рафъи нуқсонҳои мавҷуда чораҳои зарурӣ бинанд. Се нафар кормандони Агентӣ барои паст будани сатҳи фаъолияти хидматиашон ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд. Дар бораи ҷойивазкунии ҳайати шахсии Агентӣ қарор қабул шуд.
Дар ҷаласа Нақшаи чорабиниҳои асосии Агентӣ барои нимсолаи дуюми соли равон тасдиқ гардид.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






