Ҳамлаи Боко Ҳаром ба занону кӯдакон
Душанбе, 16.07.2015. (АМИТ «Ховар», Тоҷиддин Аҳмадзода)-Мақомоти маҳаллӣ аз кушта шудани 30 нафар дар натиҷаи ҳамлаҳои террористони Боко Ҳаром дар шимолу шарқии Нигерия хабар доданд. Ба гуфтаи сокинон ва мақомоти маҳаллӣ, пайкорҷӯёни Боко Ҳаром яку якбора се ҳамларо дар шимолу шарқи Нигерия анҷом доданд, ки боиси кушта шудани даҳҳо нафар дар наздикии минтақаи Ногомду гардид. Бино бар гузоришҳо ин террористон ба деҳаи Ногомду рафта, сипас хонаҳои онҳоро оташ заданд. Ҳамчунин ситезаҷӯёни Боко Ҳаром ба сокинони Бого, воқеъ дар шимолу шарқи Ногомду, ки дар байни онҳо занону кӯдакон буданд, ҳамла карданд.








Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






