Амнияти миллии Афғонистон се террористро боздошт кард
Душанбе, 10.07.2015.(АМИТ «Ховар»).-Идораи умумии амнияти миллии кишвари Афғонистон эълом кардааст, ки маъмурони ин идора се террористро аз атрофи шаҳри Кобул дастгир кардаанд.
Тавре ки дар хабаргузории «Уфуқ» омадааст, ин афрод аз ду моҳ ба ин сӯ истифода аз силоҳҳои пешрафта ва ташкили ҳамлаҳои террористиро меомӯхтанд.
Афроди боздоштшуда эътироф кардаанд, ки қасд доштанд дар чанд рӯзи оянда ҳамлаҳоро дар шаҳри Кобул созмон диҳанд.
Дар хабаргузории «Уфуқ» омадааст, ки ниҳодҳои амниятии кишвари Афғонистон талош доранд, то дар айёми иди саиди Фитр амниятро дар шаҳрҳо ва масоҷиди кишвар таъмин намоянд, чун аз таҷрибаҳои гузашта собит шудааст, ки толибон дар рӯзҳои мазҳабӣ ва динӣ дар дохили масоҷид ва ибодатгоҳҳо ҳамлаҳои террористиро роҳандозӣ мекунанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






