Ҷамоати Ҳиҷборак аввалин шуда нақшаи пилларо иҷро кард
Рашт, 07.07.2015. (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Пиллапарварони ноҳияи Рашт то имрӯз 22 тоннаю 665 кило пилла ҷамъоварӣ намуда, нақшаи пешбинишударо 108 фоиз ичро карданд. Мутахассисони корхонаи пиллахушккунии ноҳия нақша доштанд, ки 21 тонна пилла ҷамъоварӣ кунанд.
Ба иттилои роҳбари Корхонаи пиллахушккунии ноҳия Фатҳуддин Саймаҳмадов онҳо имсол навъи тухми чиниро истифода карда, аз 18 грамм кирмак ба ҳисоби миёна 35 килограмм ҳосил гирифтанд. Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак, ки 25 куттии 18 граммаи кирмак дошт, аввалин шуда аз он 1332 килограмм пилла супорид. Яъне аз як қуттии кирмак 53 килограмм пилла ҷамъоварӣ шуд. Ҳамчунин ҷамоатҳои Оби меҳнат ва Ҳойит аз ҷумлаи аввалинҳо буданд, ки соҳиби қадрдонӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд. Тибқи иттилои манбаъ масъулини Корхонаи пиллахушккунии ноҳия имсол ҳар як килограмм пилларо бо маблағи 9 сомонӣ аз пиллапарварон хариданд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






