Ҳамоиш оид ба баррасии мавқеи зан — модар дар оила ва ҷомеа
Душанбе, 30.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрўз дар Агентии «Тоҷикстандарт» бо иштироки муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Алимова таҳти унвони «Мавқеи зан — модар дар оила ва ҷомеа» ҷамъомад доир гардид.
Ҷамъомадро муовини директори Агентии «Тоҷикстандарт» Каромат Саидова оғоз намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки эълон намудани Соли оила иқдоми саривақтӣ буда, он барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими хонавода ва танзими муносибатҳои оиладорӣ равона гардида, ба солим гардидан ва нашъунамо ёфтани оилаҳои кишвар бисёр мусоидат менамояд.
Муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оила М.Алимова барои солимии ҷомеа, ки аз оилаи солим маншаъ мегирад, танзими никоҳи байни хешовандон, ки имрўз дар ҷомеаи мо омили асосии таваллуди насли носолим гардидааст ва дигар паҳлуҳои оиладорӣ андешаҳои хешро бо таҳлилу рақамҳо баён намуд.
Дар охир як зумра кормандони агентӣ нисбат ба масъалаи мазкур табодули афкор намуда, ҳамзамон пешниҳодоти худро мазур намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






