Ҳамоиш оид ба баррасии мавқеи зан — модар дар оила ва ҷомеа

Июль 30, 2015 08:38

Душанбе, 30.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрўз дар Агентии «Тоҷикстандарт» бо иштироки муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Алимова таҳти унвони «Мавқеи зан — модар дар оила ва ҷомеа» ҷамъомад доир гардид.
Ҷамъомадро муовини директори Агентии «Тоҷикстандарт» Каромат Саидова оғоз намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки эълон намудани Соли оила иқдоми саривақтӣ буда, он барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими хонавода ва танзими муносибатҳои оиладорӣ равона гардида, ба солим гардидан ва нашъунамо ёфтани оилаҳои кишвар бисёр мусоидат менамояд.
Муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оила М.Алимова барои солимии ҷомеа, ки аз оилаи солим маншаъ мегирад, танзими никоҳи байни хешовандон, ки имрўз дар ҷомеаи мо омили асосии таваллуди насли носолим гардидааст ва дигар паҳлуҳои оиладорӣ андешаҳои хешро бо таҳлилу  рақамҳо баён намуд.
Дар охир як зумра кормандони агентӣ нисбат ба масъалаи мазкур табодули афкор намуда, ҳамзамон пешниҳодоти худро мазур намуданд. 

 

 

 

Июль 30, 2015 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд