«Амонатбонк» ПОС-терминалҳояшро бештар мекунад
Душанбе, 03.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Беш аз 20 ПОС-терминали БДА ҶТ «Амонатбонк» имрӯз дар марказҳои тиҷоратию савдо ва дигар нуқтаҳои ҷумҳурӣ фаъол мебошад. БДА ҶТ «Амонатбонк» барои боз ҳам осон намудани мушкилии мизоҷони худ ва афзалиятнокии бештар ба дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ, дар шаҳри Душанбе ва дар оянда дар бештари марказҳои фарҳангию тафреҳӣ, НФС, марказҳои тиҷоратию савдо гузоштани ПОС-терминалҳои худро ба нақша гирифтааст.
Барориши кортҳои пардохтӣ муомилоти нақдӣ, фарсудашавии пули нақдро аз байн бурда, имкони ба муомилоти ғайринақдӣ дар дохил ва беруни кишвар гузаштанро фароҳам меорад. «Амонатбонк» имрӯз миёни дигар институтҳои молиявии кишвар аз ҷиҳати дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ ҷои намоёнро ишғол мекунад.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






