Ҷараён ва натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Ҳиндустон
Душанбе, 13.07.2015. (АМИТ “Ховар”). — Баррасии масоили вобаста ба таҳкими муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории судбахши Тоҷикистону Ҳиндустон нахуст дар мулоқоти хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ оғоз ёфта, зимни музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ бори дигар хайра мақдам гуфта, аз сатҳ ва муҳтавои муносиботи ду кишвари дӯст изҳори қаноат кард.
Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ бо таваҷҷуҳ ба мақоми муносиби Тоҷикистон дар муносиботи хориҷии кишвараш изҳори бовар намуд, ки сафари давлатиаш ба Тоҷикистон дар роҳи таҳким ва густариши робитаҳои ду кишвар нақши намоён мегузорад.
Аз вуҷуди заминаи хуби қарордодию ҳуқуқии миёни Тоҷикистону Ҳиндустон, ки иборат аз қариб 60 санади байниҳукумативу байниидоравӣ мебошад, изҳори қаноат карда шуд.
Барои татбиқи босамари санадҳои амалкунанда ва тавсиаи робитаҳои судбахши минбаъда фаъолияти бештари Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмиву техникӣ зарур дониста шуд.
Бо ёдоварӣ аз натиҷаҳои хуби ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, амнияту мудофиа ва энергетика, ҳамзамон изҳори бовар карда шуд, ки минбаъд робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ низ тавсиаи бештар пайдо мекунанд. Таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва иштироки ширкатҳои Ҳиндустон дар татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон аз ҷумла роҳҳои густариши робитаҳои иқтисодӣ номида шуд.
Ба рушди ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои калонмиқёси нақлиётию энергетикӣ, ки ба пайвастани шабакаҳои минтақавии барқӣ ва ҳамлу нақлии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ нигаронда шудаанд, таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои амнияту мудофиа, аз ҷумла дар самти муборизаи муштарак бо унсурҳои терроризму ифротгароӣ аз низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.
Ҳамчунин доир ба як зумра масоили дигари минтақавию ҷаҳонӣ дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ се санади нав дар соҳаҳои гуногун, аз қабили дар бахшҳои сиёсат, маориф ва фарҳанг ба имзо расонида шуд. Аз ҷмла:Баёнияи муштараки Тоҷикистон ва
Ҳиндустон дар бораи густариши шарикӣ; Созишнома тариқи мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба таъсиси лабораторияҳои компютерӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон; Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ҳиндустон дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар барои солҳои 2016-2018 имзо шуданд.
Бояд гуфт, ки ба имзо расидани ин санадҳои нав дар фароянди татбиқи амалии имконоти фаровони истифоданаёфтаи густариши ҳамкории гуногунарсаи ду кишвар қадами заруру муҳим хоҳад буд.
Зимни изҳороти матбуотӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ ба натиҷаҳои мулоқоту музокирот ва дурнамои робитаҳои ду кишвари дӯст баҳои баланд доданд. Аз ҷумла, таъкид гардид: «Мо аз он қаноатмандем, ки байни роҳбарияти ду давлат сатҳи баланди эътимод ва ҳамраъйӣ таъмин гардида, ҳамкории дуљониба ва чандљониба пайгирона густариш меёбад».
Маводҳо доир ба мавзӯъ:
Маросими истиқболи расмии Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Ҳиндустон
Ҷараён ва натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Ҳиндустон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Ҳиндустон
Н. Модӣ: «Тоҷикистон бо мо аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ва фарҳангию забонӣ аз ҳама наздик аст»
Изҳороти матбуотии Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми музокироти байнидавлатии Тоҷикистону Ҳиндустон
Сарвазири Ҳинд ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Нарендра Модӣ дар Форуми кишоварзии Тоҷикистону Ҳиндустон
Нарендра Модӣ ба Эмомалӣ Раҳмон нашри ҳиндии “Тоҷикон”-ро тақдим намуд
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми кишоварзии Тоҷикистону Ҳиндустон
Эмомалӣ Раҳмон: «Тагор ошиқи Машриқзамин ва пайвандгари маънавии Тоҷикистону Ҳиндустон аст»
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи муҷассамаи Робиндранат Тагор
Боздиди Эмомалӣ Раҳмон ва Нарендра Модӣ аз шифохонаи ҳарбии умумисоҳавии гарнизони Хатлон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид






