Аз кӯза ҳамон бурун таровад, ки дар ӯст…
ё чанд андеша ба даъвоҳои бесарунӯги ба ном «поягузори мубориза бо салафия» дар Тоҷикистон Абдуллои Муҳаққиқ дар сомонаи Tojnews.tj таҳти унвони болохонадори «Манъи таълими ислом ва рафтан ба масҷид боиси рушди салафия шуд»
Душанбе, 28.07.2015.(АМИТ «Ховар»).- Ҳамду сано Худованди ягонаро ва дуруду салом бар Расули ӯ ва хонадону ёронаш бод.
Мисраи аввале, ки ба сарлавҳаи ин навишта қарор гирифт, ба ин тарз аст: «Ҳоли мутакаллим аз каломаш пайдост…». Ва агар ҳарду мисраъро якҷо гузорем, басо маънии зебову муассире ба ҳосил меояд: каломи суханвар ва равиши гуфтори ӯ ойинаи сирати ӯст, аз тарзи сухан ва далоили гӯянда нияту ормон ва ботини ӯро метавон ба мулоҳиза гирифт. Дар ин навиштаи бесарупо як нафар аз «донишмандони охируззамон» бо тахаллуси ба навиштааш батамом мухолифу муқобил — Абдуллои Муҳаққиқ баъзе андешаҳоеро манзури хонандагони сомона кардааст, ки воқеан ба чаҳорчӯби мантиқ намеғунҷанд ва ду мулоҳизаро ба бор меоранд: яке ин ки муаллифи мақола дар ҳақиқат аз мавзӯъ огоҳӣ надорад ва гуфтораш ба хотири гуфтор аст, ё ин ки дидаву дониста ба таҳрифкорӣ ва жожхойӣ даст мезанад.
Пайи ҳам овардани суханони тунде, аз қабили «воизони ҳангомаҷӯ», «фурӯхташудагони сервисҳои хориҷӣ», «миссионерҳои такфирӣ», «афроди фитнагар, иғвоангез, муғриз», «гумоштаҳои сервисҳои хориҷӣ» ва баъд аз инҳо наовардани исми мушаххасе аз доираҳои динии Тоҷикистон, бешак, эътимоду бовари ҳар хонандаро ба гӯяндааш ботил мекунад. Ба ҷойи баёни хронологию гносеологии мавзӯъ, дарёфти сабабу омилҳои густариши салафия, роҳҳои мубориза бо ин вабои иҷтимоӣ, зикри сол ба соли далелу асноди рафъкунандаи он ва даҳҳо матолиби дигар оқои Муҳаққиқ ҳангомабаёнию популизмро пеша карда, аз надонистани асли матлаб даъвоҳое ба миён гузоштааст, ки гӯиё танҳо ӯ ягона муборизи «фронт»-и зидди салафия бошад, бидуни ӯ касе ёрои муҳориба бо ин падидаро надоштааст…
Хостааст, ки дар як навиштаи бесарупо аз хеш қаҳрамони даврони навро тарошида, ҳатто ба худ иҷоза додааст, ки ба мақомот адабиёти зидди салафияро эҷод ва тавсия бикунад. Гӯиё ғайри ӯ касе аз ин равия илман огоҳ нест! Ба ин баёнияи парешон ва даъвиҳои беасос метавон бо як ишораи Ҷирмӣ ҷавоб гуфт:
Дар бисоти нуктадонӣ худфурӯшӣ шарт нест,
Ё сухан дониста гӯ, эй марди оқил, ё хамӯш…
Аммо боз ба хотири воқеият ва ҳақиқат аз анбӯҳи ин афкори пареши Муҳаққиқи «ғайритаҳқиқ» ва пешгирӣ аз минбаъда гумроҳ насохтани хонанда чанд далел меорем. Аввал ин ки дар мубориза бо салафия ва пешгирии густариши он нодида гирифтани саҳми Маркази исломии Тоҷикистон ва Шӯрои уламои он ба қавли Лоиқ «ба ҳован об кӯбидан»-ро мемонад. Аз ибтидои пурғавғо шудани қазияи салафия маҳз Маркази исломии Тоҷикистон ва рӯҳонияти боэътибори кишвар ба шинохти чеҳраи асили он ба мардум раҳнамоӣ карданд, ягон воизу домуллоҳои суннатии мо, ки Муҳаққиқ ононро бидуни андеша ва ному насаб «воизон ва мавлавиҳои фурӯхташудаи дохили кишвар» мегӯяд, барои реша гирифтани салафия шароите боз накардаанд.
Ба ҳар ҷумла ва ҳар ифодаи подарҳавои ин муаллифи «оташинсухан» метавон эроди ҷиддӣ гирифт, аммо як ҷумла бениҳоят мисли гӯяндааш сахт мариз аст. Ҷумла чунин аст, айнан: «Мусаллам аст, ки мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои амниятию интизомӣ ва Суди Олии Тоҷикистон мавқеи худро нисбат ба равияи иртиҷоӣ ва тундрави cалафия мушаххас намуда, алайҳи ин падидаи хатарнок ва саратони такфирӣ муборизаи оштинопазир мебаранд. Аммо то имрӯз ниҳодҳои динӣ, аз ҷумла раиси Маркази исломӣ ва Кумитаи дин мавқеи расмии худро аз лиҳози шаръӣ нисбат ба «Иттиҳодияи экстремистии Салафия» изҳор надоштаанд».
Ба ҳар касе, ки ҳатто сарсарӣ аз роҳу равиши сиёсати иҷтимоӣ огоҳ аст, бешак, маълум аст, ки мақомоти давлатӣ ва хосатан Суди Олии кишвар ягон равия ё маслакеро бидуни таҳқиқ ва хулосаи ниҳоди масъули дину диндорӣ дар мамлакат — Шӯрои уламо ва Маркази исломӣ ғайриқонунӣ эълом намекунанд, фикру андеша ва мулоҳизоти инфиродӣ ва дастаҷамъонаи ин ниҳоди масъул ҳатман ба инобат, балки ба асос гирифта мешавад. Маркази исломӣ ва Шӯрои уламои он на танҳо ба густариши салафия ва хатарзо будани он садо баланд карданд, на фақат дар мавъизаҳои имомхатибони масоҷид ба мардум оқибати ин ваборо фаҳмонданд, балки як силсила тадобире анҷом доданд, ки ҳадаф аз онҳо шинохти симои аслии салафия буд.
Магар мунаққиде бо исми Муҳаққиқ инро намедонад? Медонад, аммо чун ҳадафи асосиаш санг задан ба Маркази исломист, инҳоро намегӯяд. Ва лаб ҳам намекушояд, ки 27-уми майи соли равон Фатвои Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шуда буд, ки тибқи он мавқеи рӯҳонияти кишвар оид ба ин масъала комилан возеҳу равшан гардонида шуд. Ба хотири огоҳии бештари хонандаи муҳтарам аз ин қазия мо матни пурраи ин фатворо дар охири ин навишта меорем.
Даъвии дигари оқои Муҳаққиқ: «Замоне ки дар Маркази исломшиносии назди Президент кор мекардам, даҳҳо адабиёт ва дастурамалҳои ба ном диниро, ки сирф моҳият ва характери салафиягароӣ доштанд, ташхиси диншиносӣ намуда, онҳоро аз муомилот бозчин намудем. Дар радифи ин адабиёт китобҳое ҳастанд, ки моҳияти иғвоангезии динӣ ва мазҳабӣ дошта, онҳо бо иҷозати Кумитаи дин ба нашр расиданд…» Ин гуна баён доштани матлабро дар илми ҳуқуқ қонунвайронкунӣ мегӯянд ва Кумитаи дин ҳақ дорад, ба таври расмӣ пурсон кунад, ки кадомин китобҳоро бо зикри ному муаллиф, соли нашр ва исму насаби ташхисгар муаллифи мақола дар назар дорад? Далел куҷост ва агар аз гуфтани далел худдорӣ мекунад, пас, мантиқи баён чӣ мешавад? Сухан аз баёни як фикри хусусӣ не, иттиҳомоте меравад, ки ба суботу амнияти кишвар дахл доранд. Ин пурсишу ин қазияро ба масъулини Кумитаи дин ҳавола мекунем ва ҳоло бармегардем ба даъвии дигари мунаққид. Қайд мешавад, ки ғайр аз марҳум Шайх Амонуллоҳзода ва Акбари Тӯраҷонзода касе ёрои сухан гуфтан зидди салафияро надоштааст: «…шоҳиди он нагаштаем, ки масъулини Шӯрои уламо ва Кумитаи дин нисбат ба ин омили хатарнок ҳарфе гуфта бошанд…» Агар Муҳаққиқ шоҳиди ҳол набошад, пас, ин гуноҳи кист? Ҳангоми таҳияи рисолаҳои илмӣ аввалин коре, ки ҳар муҳаққиқ мекунад, муайян намудани дараҷаи омӯзиши мавзӯъ аст. Ҳеҷ гоҳ рисоланавис намегӯяд, ки «ман намедонистам, ки дар ин хусус қабл аз ман киҳо чиҳо навиштаанд…» Айнан чунин аст, мавқеи Абдуллои Муҳаққиқ, рисоланависе, ки намедонад киҳо пеш аз ӯ дар бораи салафия ва ДОИШ чиҳо гуфтаанд…
ӯ комилан бехабар аст, ки дар бораи хатари салафия ва ҳам роҳу равиши пешгирии ҷавонон аз пайвастан ба ДОИШ масъулини Маркази исломӣ ва аъзои Шӯрои уламо даҳҳо навиштаҳо ва садҳо мавъизаҳо доранд, ҳамагӣ як маҳ қабл Раиси Маркази исломӣ Саидмукаррами Абдуқодирзода дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар мавзӯи «Тундгароӣ ва такфиризм ҳамчун хатар ба ҷомеаи муосир» («Экстремизм и такфиризм как угроза современному обществу») сухан карда буд. Ҳамчунин даҳҳо мақолаҳои дигари ӯ дар матбуоти Тоҷикистон ва берун аз он дар мавзӯъҳои муҳими динӣ, мусоҳибаҳо дар ҳафтаномаву сомонаҳо ба табъ расидаанд, ки ҳоло имкони ном ба ном гуфтани онҳо нест. Агар ҷаноби мунаққид як бор онҳоро аз назари таҳқиқ гузаронад, ё ҳадди ақал пешниҳодҳоеро, ки Саидмукаррами Абдуқодирзода дар ҳамоиши Бишкек оид ба пешгирии хатароти муосир баён доштанд, мутолиа мекарданд, манзара рӯшантар мешуд.
Даъвоҳои бесос бисёранд, ки яке аз онҳо ба Донишкадаи исломӣ дахл дорад. Аз ҷониби ин мунаққиди ботилсухан баъзе мударрисон пайравони салафия номбар шудаанд, аммо киҳо ва ба чӣ далел? Ягон сухани мушаххас нест. Ягон ному насаби аниқу дақиқ нест. Баъдан барномаи таълимии Донишкадаи исломии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мешавад, зеро ин таълимгоҳи олӣ ба зумраи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон шомил аст, яъне наметавон ҳар чизеро, ки ҳар нафаре хоҳад, ба номгӯи тадрис дохил кард. Инро ҳар фарди андаке аз маориф огоҳ медонад.
Хуб, баъзе афкори дигаре дар ин навишта ба назар расиданд, ки ҳоҷати ҷавоб гуфтан надоранд, яъне ҳатто ба инкор намеарзанд. Ҳамин қадар хулоса кардан мумкин, ки ин мусоҳиба саропо ғаразу жожхойӣ буда, беинсофона ба нашр расидааст. Беҳтар аст, ки ба Бедил рӯ биёрем, ки чӣ мегӯяд:
Олами маънӣ шудему доғи дил аз мо нарафт,
Кард, Бедил, илмҳои беамал моро хароб…
(Сабаби таъхири мақола дар он аст, ки мо фикр кардем шояд мунаққид ҳақиқатро ҷустуҷӯ менамояд, аммо баръакс маълум гардид, ки ҳамфикронашро ба фитнаву нифоқ тарғиб намуда истодааст).
ЗАМИМА:
Фатвои Шӯрои уламои Маркази исломии
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми майи соли 2015 Дар бораи гурӯҳи ДИИШ
Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим
Сипосу ҳамди бепоён ба Худованди яктову бениёз ва ниҳоят меҳрубон, ки раҳмати Ӯ ҳама ашёро фаро гирифтааст. Ва дуруду салавот ба пешвои мо-Паёмбари Акрам ҳазрати Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам.
Имрӯз дар ҷаҳон гурӯҳ, ҳаракат ва равияҳои нав пайдо шуда худро ҳимоятгари дини мубини Ислом муаррифӣ менамоянд, вале дар асл зери ниқоби дин амалҳои зишту зиддиисломӣ ва зиддиинсонии худро амалӣ месозанд. Гурӯҳи ба ном Давлати исломии Ироқу Шом аз қабили чунин гурӯҳҳои тундрав ва ифротгаро буда, бо истифода аз муқаддасоти Ислом ва эҳсосоти мусулмонони дунё нақшаҳои шуми худро мехоҳанд амалӣ намоянд.
Барои тасаввури бештар ва амиқтар дар бораи ин гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ чанд амалҳои ғаришаръӣ ва ғайриинсонии ин гурӯҳро баён мекунем:
1. Такфир, яъне кофир эълон намудани нафароне, ки ҳамақидаи онҳо нестанд. Ҳамин тариқ ҷоиз донистани рехтани хуни мусулмонон, иззату обрӯ, таҷовуз ба номуси занону духтарони онҳо; Дар ин маврид саҳобагон фармудаанд, ки Худо хавориҷро лаънат кунад, ки оятҳои дар ҳаққи кофиронро бар мусулмонон раво медонанд.
2. Қатли ом;
3. Бераҳмона сар задани занону духтарон;
4. Аз байн бурдани миллатҳо;
5. Оташ задани хонаи мусулмонон;
6. Тарконидани масҷидҳо;
7. Ғулом намудани занону кӯдакон;
8. Истифодаи тамоми намудҳои аслиҳа бар муқобили мусулмонон;
9. Талаву тороҷи мардум;
10. Аз номи Ислом даъват ва гумроҳ намудани ҷавонон ва садҳо ҳаромкорӣ ва беадолатиҳои дигар…
Пайравони ин гурӯҳ худро ба Ислом нисбат медиҳанд ва ҳатто гӯё даъвои дифоъ аз Исломро доранд, дар аксарият маврид амалҳои таҷовузгаронаи худро бо оёти сураи Тавба аз Қуръони Маҷид асоснок намуда ва хосса шаш ояти аввали онро мувофиқи манфиатҳои худ шарҳу тавзеҳ дода, нияту мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ мекунанд. Аммо тарзи истинботи саҳеҳу дуруст аз оятҳои Қуръон, аз ҷумла ин оёти қудсӣ, бояд қаблан сабаби нузули онҳоро ба асос гирифта, онҳоро бо ҳамдигар ва бо оёту аҳодиси дигар қиёс намуд. Дар ду ояти аввали сураи Тавба калимаи қатъи муомила ба маънии надодани таъмини кафолати бехатарӣ аз ҷониби мусалмонон барои мушрикон аст, ки бутҳои чӯбини заминиро ба ҳадди Худои Якка ва Ягона боло мебардоштанд.
Муъминон, ки дар сулҳдӯстӣ барои мардуми атроф бояд беҳтарин намуна бошанд, чаро баногоҳ дар байни худ чунин душманситезӣ мекунанд? Охир, Паёмбари гиромии мо ҳазрати Муҳаммад (с) мефармояд: Мусалмон (таслимшуда ба Аллоҳ ва амрҳои Ӯ) он аст, ки аз зарари дасту забони ӯ дигар мусалмонон дар амон бошанд. Мӯъмин касест, ки инсонҳои дигар (чӣ мусалмон ва чӣ ғайримусалмон) аз ӯ на дар нафси худ ва на дар амволи худ хавф надошта бошанд.
Намояндагони ин гурӯҳи тундрав бисёр инсонҳои бегуноҳро ба қатл расонида, инсонҳоро зинда оташ зада, ба шахсони нотавону заиф зулму ситам намуда, молу мулки дигаронро ба ғорат мебаранд, дар ҳоле ки ба ин ҳақ надоранд ва ин амал аз нигоҳи Ислом ҳароми қатъи мебошад. Худованди азза ва ҷалл дар сураи мубораки Исро мефармояд: Ва макушед нафсеро, ки Худо ҳаром сохтааст, магар ба ҳақ (Исро, ояти 33).
Ҳамчунин дар сураи Шӯро мефармояд: Ҷуз ин нест, ки роҳ(-и маломат) бар он касоне аст, ки ба мардумон зулм мекунанд ва дар замин ноҳақ фасод металабанд; барои ин ҷамоа азоби дарднок аст. (Шӯро, ояти 42).
Дар Ислом эълони хилофат бидуни гузаронидани шӯро ҷоиз нест. Ҳеч шахс ё гурӯҳ ҳақ надорад бидуни далелҳои шаръӣ ва гузаронидани Шӯрои мусулмонон хилофат созад ва худро халифа эълон намояд. Эълони хилофат бе иҷмои мусулмонон ва ризоияти онҳо фитна мебошад, зеро аксари мусулмонони дигарро, ки бар он мухолифанд, аз доираи хилофат берун мегузорад. Ин амр сабаби ташкили чанд хилофати дигари ба ҳам муқобил мегардад, ки дар интиҳо ба барпо шудани исёну ошӯб ва тафриқаандозии мусалмонон оварда мерасонад.
Дар Ислом баровардани ҳукми ҷазо (ҳудуд) бидуни далели шаръӣ ҷоиз нест. Ҷазо (ҳудуд) дар Қуръон ва аҳодиси набавӣ зикр шуда, бешубҳа аз ҷузъи асосии шариати исломӣ аст. Аммо, ҷазоро бе фаҳмидани асли масъала ва овардани исботу далелҳои равшану қатъии гунаҳкории муҷрим истифода бурдан ва амалӣ намудан ҳаром аст.
Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ояҳои Қуръон, аҳодиси набавӣ ва дигар сарчашмаҳои шаръӣ, амалҳои гурӯҳи ба ном Давлати исломии Ироқу Шом-ро таҳлилу баррасӣ карда, чунин ФАТВО содир менамояд:
1. Ҳамаи амалҳои гурӯҳи ба ном Давлати исломии Ироқу Шом аз нахустин лаҳзаи ташкил намудани он, даъват барои ҳиҷрат, ҷиҳод ва зулму қатли ошкорои он, хилофи шариати Ислом буда, пайравӣ намудан аз ин гурӯҳ тибқи далелҳои шаръӣ ҳаром аст.
2. Шомил шудани ҷавонони Тоҷикистон ба ин гурӯҳи бо ном Давлати исломии Ироқу Шом ва ширкат дар амалҳои ба ном ҷиҳод тибқи далелҳои шаръӣ хилофи аҳкоми шариат ва гуноҳи кабира маҳсуб шуда, резонандаи хуни ба ғайри ҳақ дар рӯзи Қиёмат мустаҳиқи азоби дарднок мегардад.
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон