Ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ 170 афсари ҷавон зам шуд
Душанбе, 01.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар гурӯҳи наздик ба 170-нафараи афсарони ҷавон зам шуд. Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи мамлакат хатмкунандагони навбатии худро ба кори мустақилонаи ҳарбӣ ба сафҳои Артиши миллӣ гусел намуд.
Дар маросими дипломсупорӣ ба афсарони ҷавон вазири мудофиаи мамлакат Шералӣ Мирзо, масъулини Вазорати мудофиаи кишвар, афсарону устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи ҳарбӣ, ширкат доштанд. Дар ҷараёни супурдани дипломи хатм иштирокчиён доир ба нақшаҳои оянда дар самти навсозӣ, таҳкиму тақвият ва омодабошии ҷангии неруҳои мусаллаҳи мамлакат ибрози андеша карданд.
Таҳсил дар ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ чаҳор солро дар бар гирифта, ҳоло дар он аз рӯи 15 ихтисос афсарони касбӣ омода мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






