Баҳои ғайриқаноатбахши Кумитаи забон ба рекламаҳои берунии пойтахт
Душанбе, 28.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рекламаҳои берунии пойтахт баҳои ғайриқаноатбахш дод. Ин баҳо имрӯз зимни нишасти матбуотии ин кумита бо хабарнигорон дода шуд.
Бино ба гуфтаи Шарофзода, он рекламаҳои беруние, ки дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе овезон ҳастанд, аксарият хилофи Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» мебошанд. Ҳамчунин ӯ гуфт, вобаста ба ин масъала гурӯҳи кории кумита дар чаҳор ноҳияи пойтахт дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти дахлдор фаъолият бурда, камбудиҳои ҷойдошта вобаста ба рекламаҳои беруниро ошкор мекунанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






