«Баҳор» ба қабули фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ шурӯъ намуд
Душанбе, 15.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо анҷоми соли хониш фароғатгоҳи «Баҳор» қабули фарзандони хизматчиёни ҳарбиро дар басти аввал шурӯъ намуд. Тавре ки аз Вазорати мудофиа иттилоъ доданд, дар фароғатгоҳ дар як баст беш аз 150 наврас ба истироҳат фаро гирифта мешавад. Дар ояндаи наздик масъулини истироҳатгоҳ азм доранд, ки ҷои хоб ва дигар мавзеъҳои маишиву фароғатии онро барои 300 нафар омода намоянд.
Мувофиқи маълумоти масъулини истироҳатгоҳи мазкур басти дуюми он аз 20-уми июл оғоз гардида, дар он на танҳо фарзандони хизматчиёни Вазорати мудофиа, балки дигар сохторҳои қудратӣ ва фарзандони шахсони ғайринизомӣ низ метавонанд истироҳат намоянд. Қобили зикр аст, ки ҳар сол дар фароғатгоҳи «Баҳор»-и минтақаи Ромит фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ дар се баст истироҳат мекунанд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






