Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ
Душанбе, 14.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли хушнудӣ ва масаррати фаровон хабари ба тавофуқ расидани Ҷумҳурии Исломии Эрон ва гурӯҳи “5+1”-ро дар масоили барномаи ҳастаии Шумо дарёфт намудам.
Пирӯзии афкори созанда дар ин мавзӯъ дар воқеъ зафар ёфтани ақлу заковат ва тафаккури инсонист, ки он на танҳо ба нафъи Эрони бародар, балки ба манфиати тамоми минтақа аст ва ба мардумони соҳати паҳновари он ва ҳамаи бани Одам зиндагии орому осоишта, пешрафту тараққӣ ва ояндаи хубу осмони беғуборро таъмин мекунад.
Бо ибрози табрику таҳнияти Ҷаноби Олӣ ва мардуми Эрон бо ин дастоварди бузург ба кишвари бародар амну амонӣ ва рифоҳу саодат орзумандам».








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






